ru24.pro
World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 08.01.2018

Атомуҳаммади Нур: Гуноҳи ман чист?

Ozodi.org 

Волии қудратманди вилояти Балхи Афғонистон мегӯяд, ки дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунад. Ӯ раиси ҷумҳур Ашраф Ғаниро ба он муттаҳам мекунад, ки мехоҳад бо барканории ӯ аз рақиби эҳтимолӣ халос шавад.

Ато Муҳаммад Нур: Гуноҳи ман чист?

Ozodi.org 

Волии қудратманди вилояти Балхи Афғонистон мегӯяд, ки дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунад. Ӯ раиси ҷумҳур Ашраф Ғаниро ба он муттаҳам мекунад, ки мехоҳад бо барканории ӯ аз рақиби эҳтимолӣ халос шавад.

Зодаи Русия ҷурми тарконидани автобуси футболбозони Олмонро эътироф кард

Ozodi.org 

Як зодаи Русия, ки шаҳрвандии Олмонро дорад, ҷурми кӯшиши тарконидани автобуси футболбозони тими "Боруссия"-ро эътироф кард. Сергей В., гуфт, касеро куштан намехост ва аз ин амали худ пушаймон аст. Додгоҳи Дортмунд қазияи ӯро рӯзи душанбе баррасӣ кард, вале номи пурраи ӯро нагуфт. Сергей В., гуфт маводи тарканда тавре сохта шуда буд, ки ба касе осеб намерасонд. Ӯ аз рӯи 28 банд ба суиқасд бо ҳадафи куштор, бо истифода аз таркиш муттаҳам шуд.  Додситон гуфт, ки моҳи апрели соли 2017 муттаҳам даст ба ҷиноят зад то фоидаи молӣ ба даст биёрад. Читать дальше...

Каромат Шарипов: Лозим шавад, то Додгоҳи Аврупо шикоят мекунам

Ozodi.org 

Каромат Шарипов, раиси як Созмони муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи декабри соли 2017 ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, мегӯяд, фаъолияти ӯ дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия ба  бархе “гурӯҳҳои мафиоёии тоҷик” писанд набуд.

"Истиқлол" дар феҳрасти бошгоҳҳои AFC дар ҷойгоҳи 69-ум аст

Ozodi.org 

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон ва финалисти дукаратаи Ҷоми AFC, аз рӯи натиҷагирии мавсими футболи соли 2017 дар рейтинг ё феҳрасти Конфедератсияи футболи Осиё дар байни 161 бошгоҳ мақоми 69-умро касб намудааст.

Розаро 4 доллар хариданду 60 доллар фурӯхтанд

Ozodi.org 

Дар ин гузориш сарнавишти се духтари эзадӣ, як аққалияти ғайримусулмони Ироқ нақл мешавад, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ба онҳо зулму ситами зиёд кардаанд.

Бурҷи Трамп дар Ню Йорк оташ гирифт

Ozodi.org 

Субҳи 8 январ дастаи оташнишонҳа барои хомуш кардани сӯхтор дар ошёнаи болоии Бурҷи Трамп даъват шуданд, ки дар Манҳэттен, маркази Ню Йорк воқеъ буда, хонаи хусусии Трамп ва оилааш дар он ҷойгир аст.  Тасвирҳои макони сӯхтор оташнишонҳоро дар боми бурҷ ва фаввораи дудро аз як кунҷи ошёнаи болоӣ нишон медиҳанд.  Департаменти отанишонии Ню Йорк гуфт, дар бораи сӯхтор соати 7-и саҳар гузориш шуд ва ин ҳодиса ду захмӣ ба ҷой гузошт, ки вазъи якеаш ҷиддӣ арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи ин ниҳод сӯхтор аз... Читать дальше...

К.Шарипов: "Дар ихроҷи ман гурӯҳҳои мафиёӣ даст доранд". ВИДЕО

Ozodi.org 

Каромат Шарипов, раиси Созмони муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи декабри соли 2017 ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, мегӯяд, фаъолияти ӯ дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия ба бархе “гурӯҳҳои мафиоёии тоҷик” писанд набуд.

Ҳунарнамоии сирки Узбакистон дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Нахустин бор дар тӯли 20 соли ахир дар саҳнаи сирки тоҷик, сиркбозони узбак ҳунарнамоӣ мекунанд. Сафари ҳунарии сиркбозони Узбакистон ба Тоҷикистон, ки як моҳ идома мекунад, аз сӯи мухлисони сирки тоҷик хуш истиқбол шуда зоҳиран тамошобини зиёдеро ҷалб кардааст.

Сиркбозони Узбакистон дар Душанбе пас аз 20 сол. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки давлатмардони Узбакистону Тоҷикистон аз минбарҳои баланд ба дурнамои хуби равобити сиёсии ду кишвар изҳори умедворӣ мекунанд, намояндагони фарҳанг талош доранд аз роҳи ҳунару истеъдод ба дили мардуми кишвари ҳамсоя роҳ ёбанд.

Барандагони ҷоизаи Golden Globe эълон шуданд

Ozodi.org 

Дар Лос-Анҷелес рӯзи 7 январ 75-умин маросими супурдани ҷойизаи Golden Globe - яке аз ҷоизаҳои муҳими соҳаи синамо ва телевизион баргузор шуд. Филми "Се билборд дар сарҳади Миссурӣ-и Мартин Макдонах беҳтарин драма эътироф шуд. Филм ҳамчунин барои сенарияи беҳтарин, беҳтарин нақши зан ва беҳтарин нақши мард ҷоизаи Golden Globe -ро дарёфт кард. Ин филм дар бораи як модари танҳо аст, ки мехоҳад пулис куштори духтари ӯро таҳқиқ кунад.  Гэрӣ Олдмен барои нақши драмавии Уинстон Черчил дар филми "Замонаи... Читать дальше...

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 8-уми январи 2018 (HD)

Ozodi.org 

Баъзе ширкатҳои мобилии Тоҷикистон алоқа тавассути NGN-ро барқарор кардаанд, раҳбари Узбекистон дар бораи беҳбуди равобити кишвараш бо Тоҷикистон ҳарф задааст, Каромат Шарипов бо вазири тоҷик ихроҷаш аз Русияро баҳс кардааст ва эътирози Ато Муҳаммади Нур-волии вилояти Балхи Афғонистон.

Навори "муҷоз донистани зарбу шатми занон" ҷанҷол барангехт

Ozodi.org 

Мавъизаи як рӯҳонии қазоқ дар бораи иҷозаи зарб ва латукӯби занон, боиси ихтилофи назарҳо шудааст. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз наворе, ки дар он ба зарбу шатми занон иҷоза дода шудаст, интиқод кардаанд.

Додситонии кулл: Аз дороиҳои Амонуллои Ҳукуматулло аз матбуот огаҳ шудем

Ozodi.org 

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд, бо ин ки аз матлаби интиқодӣ дар ҳақи Амонулло Ҳукуматулло, раиси пешини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз матбуот огаҳӣ ёфтаанд, вале ҳеҷ иқдоме дар ин замина гирифта нашудааст

Омӯзиши дарси англисӣ дар мактабҳои Эрон мамнӯъ мешавад

Ozodi.org 

Дар пасманзари ҳушдори раҳбарони Эрон, ки мегӯянд,омӯзиши  забони англисӣ роҳро ба "таҳоҷуми фарҳангӣ"  аз Ғарб боз мекунад, як мақоми аршади соҳаи маориф гуфт, ки мақомот тасмим доранд таълими дарси англисӣ дар макотиби миёнаро мамнӯъ кунанд. Меҳдӣ Навид-Адҳам, раҳбари Шӯрои Олии Омӯзиш рӯзи 7 январ ба шабакаи телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки "тадриси забони англисӣ дар мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар барномаи таълимӣ, хилофи қонун ва тартибот аст".  "Зеро дар синфҳои ибтидоӣ таҳдоби омӯзиши... Читать дальше...

Даромади воқеии бозори домоди Ислом Каримов ошкор шуд

Ozodi.org 

Бозори умдафурӯшии "Абу Сахӣ"-и пешин дар як моҳ ба буҷаи Узбакистон 5 миллиард сӯм (муодили тақрибан 614 ҳазор доллар) фоида воридмекард, вале баъди бозтаъсиси он дар 15 рӯз 35 миллиард сӯм даромад ҳосил шудааст. Дар ин бора президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъа маълумот дод.  Охири соли гузашта бозори яклӯхтфурӯшии "Абу Сахӣ" дар шаҳри Тошканд ба маҷмаи тиҷоратии "Тошканд ипак йули" тағйири ном кард. "Абу Сахӣ" дар соли 2006 аз сӯи Темур Тиллоев, домоди хурдии президенти пешини Узбакистон... Читать дальше...

Сардабири ББС барои маоши нобаробари марду зан истеъфо дод

Ozodi.org 

Сардабири барномаҳои ББС дар Пекин дар заминаи норозигӣ аз тафовути маоши кормандони зану мард дар ин ширкат истеъфо дод. Истеъфои Керри Грейсӣ натиҷаи нашри маҷбурии сатҳи маоши кормандони баландпоияи ББС дар соли 2017 аст, ки бар поияи он раддаҳои аввалро мардҳо ишғол кардаанд.  Ветерани ББС, бо таҷрибаи 30 соли кор дар ин ширкат,  Керри Грейсӣ дар як изҳорот дар сомонаи худ навишт, ки дигар наметавонад кори худро дар сатҳи олӣ иҷро кунад, дар ҳоле, ки бо раҳбаронаш барои баробарии маош мубориза мебарад. Читать дальше...

Сангрезӣ боиси басташавии қитъаи роҳи Душанбе-Бадахшон шуд

Ozodi.org 

Бар асари резиши санг як қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Бадахшон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баста шудааст.  Сулаймон Назаров, раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ҳангоми сангрезӣ роҳ баста шуд ва феълан Идораи роҳсозӣ талош дорад дар зудтарин фурсат роҳро боз кунад. “Сангрезӣ шаб шудааст ва касе зиён надидааст. Ҳоло техникаҳои роҳсозӣ сафарбар шудаанд ва ҳамин рӯз бояд роҳ дубора боз шавад”, -гуфт ӯ. Ин роҳ дар фасли сармо ягона роҳест... Читать дальше...

Ду шаҳванди Амрико дар қуръакашӣ $1 миллиард бурд карданд

Ozodi.org 

Дар ИМА ду дорандаи билети лотерея дар маҷмӯъ барандаи 1 миллиард доллар маблағ шуданд. Дар ин бора рӯзи 7 январ мақомоти расмӣ хабар доданд. Барандаи аввал дар аёлати Ню-Ҳемпшайр шоми 6 январ ғолиби лотереяи Powerball lottery ва 560 миллион доллар маблағ эълон шуд. Нафар ё гурӯҳи дуюми баранда шоми 7 январ маълум шуд. Ин ғолиби лотерея дар аёлати Флорида дар лотереяи Mega Millions draw бозӣ кардааст. Исми ҳеҷ як баранда эълон намешавад. Барандаи аввал билети хушбахти худро дар шаҳраки Мерримак харидорӣ кардааст. Читать дальше...

Барандаҳои ду лотереяи Амрико 1 миллиард доллар ба даст оварданд

Ozodi.org 

Дар ИМА ду дорандаи билети лотерея дар маҷмӯъ барандаи 1 миллиард доллар маблағ шуданд. Дар ин бора рӯзи 7 январ мақомоти расмӣ хабар доданд. Барандаи аввал дар аёлати Ню-Ҳемпшайр шоми 6 январ ғолиби лотереяи Powerball lottery ва 560 миллион доллар маблағ эълон шуд. Нафар ё гурӯҳи дуюми баранда шоми 7 январ маълум шуд. Ин ғолиби лотерея дар аёлати Флорида дар лотереяи Mega Millions draw бозӣ кардааст. Исми ҳеҷ як баранда эълон намешавад. Барандаи аввал билети хушбахти худро дар шаҳраки Мерримак харидорӣ кардааст. Читать дальше...