“Истиқлол” ва “Вахш” барои медалҳои тило талош доранд
Бозиҳои даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои 1-2-юм ва 5-уми ноябр баргузор шуданд.

Бозиҳои даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои 1-2-юм ва 5-уми ноябр баргузор шуданд.
Баъди эълони таҳрими Иттиҳоди Аврупо нисбати се бонки тиҷоратии Тоҷикистон, “Спитамен бонк”, “Душанбе ситӣ бонк” ва “Коммерсбонк” чунин ба назар мерасад, ки бонкҳои дигар аз эҳтиёт кор гирифта, барои гурез аз таҳримҳо баъзе муомилаҳоро, ки метавонанд дардисарсоз бошанд, маҳдуд кардаанд.
Қазоқистон, бузургтарин ва сарватмандтарин кишвари Осиёи Марказӣ, аввалин давлат дар минтақа аст, ки ба “Паймони Иброҳим” мепайвандад.
Нороҳатии сокинони маҳаллае дар ноҳияи Рӯдакӣ аз бунёди баландошёнаҳо.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мулоқот бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои хариду коркарди маъданҳои камёб як бахши муҳими ҳамкориҳои дуҷониба хонд. Ӯ гуфт, Амрико дар пайи густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа аст. Раҳбарони Осиёи Марказӣ чӣ гуфтанд?
Хадамоти наҷоти Қазоқистон муҳоҷирони бандмондаи тоҷикро ба амн интиқол додааст, натиҷагирӣ аз мулоқоти Трамп бо раҳбарони Осиёи Марказӣ ва бунёди биноҳои баландошёна дар ноҳияи Рӯдакӣ.
Маъмурони наҷот дар Қазоқистон ба гурӯҳе аз мусофирони тоҷик, ки автобусашон дар вилояти Оқмола вайрон шудааст, кумак кардаанд. Онҳо аз Русия ба Тоҷикистон бармегаштанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 7-уми ноябр хабар дод, ки автобус бо 53 мусофир, аз ҷумла 8 кӯдак (ҳама шаҳрванди Тоҷикистон) дар ҳудуди деҳаи Жибек Жоли аз кор монд. “Ҳарорати ҳаво зери сифр буд,” -- хабар дод Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон. Ҳамаи мусофиронро ба як бинои гарме дар ҳудуди деҳаи Аршали бурдаанд. Читать дальше...
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар бораи ҳамкориҳои оянда ва қарордодҳои бузурги тиҷоратӣ сӯҳбат карданд.
Шаби 7-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ маросими ифтитоҳи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ баргузор мегардад. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ, ки соати 22:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад, ҳайати варзишии Тоҷикистон низ иштирок мекунад.
Як хонавода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шикоят дорад, ки ноновари оила ҳангоми кор дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” маъюб шуда, ҳоло бистарист, аммо кумаки зарурӣ намегирад. Пармаи кӯҳ панҷ моҳ пеш Сабзалии Маҳмадалиро аз по афтонд ва аъзои баданашро шикаст.