Рамзия Сафарова: "Наворе, ки бояд махфӣ мемонд, берун омад" ВИДЕО
Масъулони телевизиони “Азия” дар шаҳри Хуҷанд нафареро, ки видеои лаҳзаи тасодуфан аз даҳони хабарнигор хориҷ шудани як калимаи берун аз сенарияро расонаӣ кард, ёфта муҷозот кардаанд.

Масъулони телевизиони “Азия” дар шаҳри Хуҷанд нафареро, ки видеои лаҳзаи тасодуфан аз даҳони хабарнигор хориҷ шудани як калимаи берун аз сенарияро расонаӣ кард, ёфта муҷозот кардаанд.
Баъд аз нисфирӯзи 6-уми январ дастрасӣ ба шабакаи Вайбер дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд. Рӯзи гузашта корбарони Вайбер дар дохили Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин барнома қисман масдуд шуда, танҳо имкони ирсоли паёмҳои хаттӣ ё СМС вуҷуд дораду бас. Аммо мардум бе Вайбер ва паёмрасонҳои дигар чӣ кор хоҳанд кард? Назарҳоро дар ин навори видео бибинед.
Баъд аз нисфирӯзи 6-уми январ дастрасии комил ба шабакаи Вайбер дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд. Рӯзи гузашта корбарони Вайбер дар дохили Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин барнома аз 4-уми январ қисман масдуд шуда, тавассути он танҳо имкони ирсоли паёмҳои хаттӣ ё СМС вуҷуд дораду бас.
Рекс Тиллерсон гуфт, ки қасд дорад дар соли 2018 низ ба ҳайси вазири умури хориҷии Амрико кор кунад. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш гузоришҳо аз таниши мавҷуд миёни вазири умури хориҷӣ ва раиси ҷумҳури Амрико нашр шуданд. Рекс Тиллерсон дар мусоҳибаи рӯзи 5-уми январ бо телевизиони CNN гуфт, бовар дорад, маъмурияти Доналд Трамп дар соли 2017 бисёр муваффақият дошт ва дар ҳоли иҷрои сиёсатҳое аст, ки 2018-ро муваффақтар аз соле пеш хоҳад сохт. Ӯ дар посух ба суоле гуфт, ният дорад дар маъмурияти... Читать дальше...
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, ба даҳгонаи раҳбароне ворид шудааст, ки имкони тағйир дар кишвари худ ва минтақаву ҷаҳонро доранд. Ин феҳрист аз тарафи шореҳони сиёсии яке аз нашрияҳои маъруфи Туркия – Derin Ekonomi – таҳия шудааст. Оҷонси хабарии “Ҷаҳон” рӯзи 6-уми январ навишт, Мирзиёев аз рӯзи аввали расиданаш ба қудрат дар Узбакистон ба ислоҳоти густарда, аз ҷумла дар бахши иқтисоду сайёҳӣ, таъмини озодии виҷдон ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, даст задааст. Ин нашрия яке аз қадамҳои муҳими... Читать дальше...
Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико гуфт, ки кишвараш ироаи кумаки тақрибан думиллиарддолларии низомӣ ба Покистонро боздошт ва дар мавриди вокунишу иқдоми ҷавобии Покистон ташвиш надорад. Дар нишасти рӯзи 5-уми январ дар Пентагон аз Маттис пурсиданд, ки оё фишори Вашингтон болои Исломобод Покистонро ба бастани роҳи икмолотии нирӯҳои мустақар дар Афғонистон водор нахоҳад кард? Маттис гуфт, “дар ин маврид ҳеч гуна нигаронӣ надорад.” Исломобод шаш сол пеш дар ҷараёни танишҳои ҷиддиаш бо Вашингтон... Читать дальше...
Аз моҳи декабри соли гузашта занон дар Туркманистон аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шудаанд. Вебсайти “Альтернативные новости Туркменистана” рӯзи 5-уми январ навишт, ки нозирони роҳ дар ин бора ба занони ронанда расман ҳушдор додаанд. Бино ба иттилои ин вебсайт, дар оғози соли нав нозирони роҳ шаҳодатномаи ронандагӣ ё парвонаи чанде аз занонро гирифта, мошини онҳоро ба истгоҳи ҷаримавӣ фиристодаанд. Як зани сокини Ишқобод гуфтааст, то замоне ки ин мушкил ба сараш наомад, ҳушдорро шӯхӣ пиндошта буд. Читать дальше...
15 пизишки тоҷик барои риоя накардани қоидаҳои “буриши қайсарӣ” ё таваллуд аз роҳи ҷарроҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳабибулло Воҳидов – додситони вилояти Суғд – рӯзи 5-уми январ дар ҷаласаи ҷамъбасти як соли фаъолияти ниҳодаш гуфт, “алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуд”.
Эътирозҳои ҷадиди зиддидавлатӣ дар Теҳрон. Навори мардумӣ аз 5-уми январи 2018.
Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки овозхонҳои эстрадаро барои коҳиш додани хатари ифротгароӣ дар минтақаҳои осебпазир ҷалб кунанд.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон як сокини шаҳри Душанберо бо гумони дуздии духтари 22-сола боздошт кардаанд. Мақомот рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки ҳодиса охири моҳи декабри соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст. Бино ба иттилои расмӣ, гумонбар дар боздошт қарор дорад ва ба одамрабоӣ муттаҳам аст. Дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки гумонбар духтарро аз манзили падараш рабудааст. “Сокини 52-солаи кӯчаи Камоли Хуҷандии пойтахт ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард... Читать дальше...
Сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти изтирорӣ ё фавқулодаи Шӯрои амният гуфт, ки шаҳрвандони Эрон ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи башарӣ ҷони худро ба хатар гузоштаанд.
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар натиҷаи санҷишҳои аудиторонаш дар вазорату идораҳо 153 мансабдор ҷазои “моддиву маъмурӣ” гирифта, 6 нафар аз вазифа сабукдӯш шудаанд.
Додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Истаравшанро бо ҷурми қатли ҳамсари дувумаш ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки Маҷид Бердиев муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ хоҳад намуд.