ru24.pro
World News in Tajik
Май
2024

Деҳқонони Суғд аз камбуди об шикоят доранд

0
Деҳқонони Суғд аз камбуди об шикоят доранд

Кишоварзони шимоли Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки имсол чанд навъи зироат ва сабзавот дертар ба дасти сокинон мерасад. Сабаби чунин ҳолатро ба таъхир дар системаи обёрӣ ва мушкили барқ рабт медиҳанд. Ба иддаои онҳо, об ба заминҳо танҳо дар охири моҳи апрел расид ва нашъунамои зироатҳоро ба қафо андохт. Масъулони барқ вазъро расман шарҳ намедиҳанд.