ru24.pro
World News in Tajik
Май
2024

Новости за 01.05.2024

"Ба мардум гӯед, ки ҳоло наоянд"

Ozodi.org 

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик бо фиристодани навор аз фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав вазъи худу ҳамроҳонашонро бад номиданд. "Акнун бовар кардед? Ба мардум гӯед, ки ҳоло наоянд. Билетҳояшонро пас гардонанд. Азоб аст, инҷо," -- гуфт яке аз муҳоҷирон рӯзи 1-уми май. Ба далели амниятӣ номи ӯро наменависем.

Ахбори Озодӣ аз 1-уми майи соли 2024

Ozodi.org 

Тоҷикони бандмонда дар фурудгоҳи Маскав аз шароити тоқатфарсо ҳарф мезананд; мақомоти Ню-Йорк эътирозгарони тарафдори фаластиниёнро боздошт намуданд ва созмони ғайридавлатӣ барои идомаи кораш ба кумаки молӣ ниёз дорад.

“Ба мардуми тоҷик гӯед, ки ҳоло ба Русия наоянд”

Ozodi.org 

Марзбонҳои Русия дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав ба садҳо муҳоҷири тоҷик иҷозаи вуруд ба ин кишварро надодаанд. Яке аз муҳоҷирон бо фиристодани навор рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “акнун бовар кардед? Ба мардуми Тоҷикистон гӯед, ки ҳоло наоянд.”

Анна Матвеева: "Вазъи ҳозира ба нафъи Русия ё Тоҷикистон нест"

Ozodi.org 

Баёнияҳои Душанбе дар бораи бадрафтории мақомоти рус бо тоҷикон; боздошту ихроҷ ва дармондани садҳо муҳоҷир дар сарҳади Русия; эҳзори сафир ва супурдани ёддошти эътирозӣ аз аломатҳои рӯшани печидаву тира шудани робитаҳои Тоҷикистон ва Русия аст, ки ҳамдигарро расман шарики стратегӣ меноманд.

Матвеева: Тоҷикистон намехоҳад, робитаҳоро бо Русия бад кунад

Ozodi.org 

Таҳаввулоти охир дар робитаҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла баёнияҳои Душанбе дар бораи бадрафтории мақомоти рус бо муҳоҷирони тоҷик ва эътирози расмӣ ба Русия аз аломатҳои тира шудани робитаҳои ду кишвар аст. Cабаби бад шудани муносибатҳо ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” аст, ё чизи дигар?

Деҳқонони Суғд аз камбуди об шикоят доранд

Ozodi.org 

Кишоварзони шимоли Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки имсол чанд навъи зироат ва сабзавот дертар ба дасти сокинон мерасад. Сабаби чунин ҳолатро ба таъхир дар системаи обёрӣ ва мушкили барқ рабт медиҳанд. Ба иддаои онҳо, об ба заминҳо танҳо дар охири моҳи апрел расид ва нашъунамои зироатҳоро ба қафо андохт. Масъулони барқ вазъро расман шарҳ намедиҳанд.