ru24.pro
World News in Tajik
Июль
2018

Новости за 08.07.2018

Амалиёти наҷоти наврасон дар Таиланд шурӯъ мешавад

Ozodi.org 

Дар Таиланд рӯзи 8-уми июл амалиёт барои аз ғори торику танг берун кардани 12 наврас ва мураббии футболи онҳо шурӯъ шуд. Ин 13 нафар бештар аз ду ҳафта мешавад, ки дар ғоре, ки маҳалли саёҳӣ ба ҳисоб меравад, дармондаанд. Наронгсак Осотанакорн, раиси вилояти Чианг Рай гуфтааст, ки ҳаво барои оғоз кардани амалиёт хуб аст, сатҳи об дар ғор паст шудааст ва ғаввосон омодаи берун овардани наврасон ҳастанд. Дар амалиёти наҷот ғаввосон аз чандин кишвар ва асосан Аврупо ширкат мекунанд. Наврасони таиландӣ... Читать дальше...

Моидаро барои рақсидан дастгир карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон Моида Ҳуҷабрӣ духтареро дастгир кардаанд, ки видеоҳои рақсидани худ дар Инстаграмро мегузорад ва 40 ҳазор мухлис дорад. Телевизиони давлатии Эрон чанде пеш видеои Моидаро намоиш дод, ки гӯё  эътироф мекард, кораш мухолифи арзишҳои ахлоқӣ буд, вале ҳадаф надошт, дигаронро ба пайравӣ ба худаш ташвиқ кунад. Ӯ тахминан 18 ё 19-сола аст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки эътирофоти Моида зери фишор сабт шудааст, чун мақомоти интизомии Эрон аз ин шева зиёд истифода мекунанд. Дар Эрон рақсидани зан дар мазҳари ом мамнӯъ аст. Читать дальше...

Бародари раиси ҷумҳурро ба ҷиноят муттаҳам карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Арманистон мегӯянд, бародари Серж Саркиссиён раиси ҷумҳури собиқро расман ба ҷиноятҳои молӣ муттаҳам кардаанд. Хадамоти Таҳқиқоти Махсуси Арманистон рӯзи 7-уми июл бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки Левон Саркиссиён, писараш Нарек ва духтараш Анӣ ба тиҷорати ғайриқонунӣ муттаҳам шудаанд. Левон ва Анӣ Саркиссиён ба тақаллубкорӣ ҳам муттаҳам шудаанд ва мақомот мегӯянд, додгоҳ амри боздошти падаршонро содир кардааст. Никол Пашиниён, баъди интихобаш ба мақоми нахуствазир дар рӯзи 8-уми май эълон кард... Читать дальше...

Як сарбози амрикоиро дар Афғонистон куштанд

Ozodi.org 

Дар Афғонистон як сарбози амрикоӣ дар натиҷаи ҳамлаи ба гуфтаи нерӯҳои хориҷӣ ба раҳбарии НАТО “дохилӣ” кушта шудааст. Ин нерӯҳо, ки дар тамрину омӯзиши сарбозони афғон кӯмак мекунанд, рӯзи 7-ум июл бо нашри баёнияе гуфтанд, ки вазъи ду сарбози дигари амрикоӣ, ки дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштанд, мӯътадил аст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Номи сарбози кушташударо то замони расонидани хабар ба наздиконаш эълон намекунанд. Маҳаллаи ҳодисаро ҳам нагуфтанд, вале хабаргузории Франс Пресс ва рӯзномаи Вашингтон Пост гуфтанд... Читать дальше...

Насиби Русия даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон набудааст

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Русия дар давраи чорякфиналӣ бо Хорватия ба майдон баромад, аммо мутаассифона дар дақиқаҳои охирони бозӣ тими Хорватия пирӯзиро аз Русия кашида гирифт ва бо ҳамин роҳи даста ба давраи нимфиналӣ баста шуд

Путин гуфтааст, бо тими миллии кишвараш ифтихор мекунад

Ozodi.org 

Умеди тими миллии футболи Русия барои рафтан ба марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол бо шикаст аз тими милли Хорватия бо ғаму гиря ба поён расид. Айни замон раҳбарони кишвар, мардум оддӣ ва мухолифони давлат барои ҳунарнамоии хуб ба футболбозони кишварашон изҳори сипос карданд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия субҳи 8-уми июл гуфт, бо вуҷуди шикаст аз футболбозони Хорватия дар зарбаҳои 11 метрӣ аз тими милли Русия ифтихор мекунад. Дастаи Русия бозӣ бо Хорватияро бо ҳисоби 2 бар 2 хотима дод... Читать дальше...

Комиссари низомии ноҳияи Қубодиёнро боздошт карданд

Ozodi.org 

Мақомоти мубориза бо ришвахорӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, як афсари баландпояро бо иттиҳоми ситонидани ришва аз як ҷавони синни хидмати низомӣ боздошт кардаанд. Дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 7-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки “Фаррух Икромов, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён бо истифодаи мақоми хизматӣ аз Мақсад Шарипов, ки бемори қалб аст, хостааст, дар ивази билети ҳарбии фарди ғайриқобили хидмат дар артиш ба ӯ 3 ҳазор сомонӣ бидиҳад.” Ба гуфтаи оҷонсӣ... Читать дальше...