Корду мушту лагад. Чаро мардон баъди талоқ ҳам занонро ором намегузоранд?
Даҳҳо зан дар Тоҷикистон баъди талоқ гирифтан ҳам, аз тарафи шавҳарони собиқашон латукӯб мешаванд ё ба камияш ҳадафи фишори равонӣ қарор мегиранд. Ин баҳсҳо гоҳе бо фоҷеа ва ятим мондани кӯдакон меанҷомад. Чаро мардон ба таъқибу назорати ҳамсарони собиқи худ идома медиҳанд?
