Ҳалокати як сарбози фаронсавӣ дар Арбил
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса кушта шудани як сарбози ин кишвар дар Курдистони Ироқро тасдиқ кард.
Президенти Фаронси 13 март дар шабакаи Х навишт, "як узви нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса дар ҷараёни ҳамлае дар Арбили Ироқ кушта шуд".
Ин нахустин низомии фаронсавӣ аст, ки аз замони оғози ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон, кушта шудааст.
Раисҷумҳури Фаронса ҳамчунин навиштааст, ки чанд низомии дигар ҳам захмӣ шудаанд.
Пештар артиши Фаронса аз захмӣ шудани шаш низомии ин кишвар дар пайи ҳамлаҳои паҳбодӣ ба пойгоҳи нерӯҳои фаронсавӣ дар Арбил хабар дода буд.
Ҳанӯз ҳеч ҷонибе ба таври расмӣ масъулияти ҳамла ба сарбозони фаронсавиро ба ӯҳда нагирифтааст.
Аммо як гурӯҳи ниманизомии ироқӣ бо номи "Асҳоби Каҳф", рӯзи 13 март бо нашрия як баёния таҳдид кардааст, ки манофеи Фаронсаро дар минтақа ҳадаф қарор медиҳад.
Ин баёния дар сафҳаи Телеграми ин гурӯҳ андаке пас аз он нашр шуд, ки Эммануэл Макрон аз кушта шудани як низомии фаронсавӣ ва захмӣ шудани чанд тани дигар дар Арбил хабар дод.
Пештар эълон шуда буд, ки пойгоҳи нерӯҳои фаронсавӣ дар Арбили иқлими Курдистони Ироқ, ҳадафи як ҳамлаи паҳбодӣ қарор гирифта буд, аммо маълум набуд, ки ин ҳамларо кӣ анҷом додааст.
Ҳоло бо нашри баёнияи гурӯҳи "Асҳоби Каҳф", ба назар мерасад, ҳамлаи паҳбодӣ кори ҳамин гурӯҳ будааст.
Ҳузури нерӯҳои фаронсавӣ дар Арбил, пайванде ба ҷанги Исроил ва Амрико бо Эрон надорад ва ин сарбозон муддатҳост, ки дар қолаби як эътилофи байналмилалӣ алайҳи ДОИШ дар ин минтақа ҷобаҷо буда, асосан ба омӯзиши нерӯҳои ироқӣ машғуланд.
