ru24.pro
World News in Tajik
Март
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Оё Амрико мехоҳад ҷазираи Хорги Эронро тасарруф кунад?

0

Бахши марказии Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми март аз қавли коршиносон навишт, ки ҷазираи Хорг, нуқтаи асосии содироти нафти Эрон, метавонад як ҳадафи Иёлоти Муттаҳида бошад. Ин иқдом сарчашмаи даромадеро хоҳад баст, ки иқтисоди аз таҳримҳо осебдидаи Теҳронро побарҷо нигоҳ медорад.

Тасарруфи эҳтимолии ҷазираи хурд дар Халиҷи Форс, ки қариб 90 дарсади нафти содиротии Эрон аз онҷо ба берун бурда мешавад, баёнгари шиддат гирифтани ҷанги Амрикову Исроил ба зидди Ҷумҳурии Исломӣ хоҳад буд. Аммо ба гуфтаи коршиносоне, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, ин иқдом шояд зарбаи ҷонкоҳе ба иқтисоди Эрон назанад.

Пойгоҳи "Axios" рӯзи 7-уми март хабар дод, ки ҳукумати Амрико масъалаи зери назорат гирифтани ҷазираи Хоргро баррасӣ кардааст. Эрон аз соли 1960 барои содироти нафти худ аз он истифода мекунад. Лангаргоҳҳои Хорг имкон медиҳанд, ки киштиҳои азими нафткашон дар он ҷо бор бигиранд.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Амрико ба нашрияи "The New York Post" гуфтааст, тасарруфи ҷазираи Хорг "бо таваҷҷуҳ ба моҳияти ҳаётии он барои натиҷаи ҷанг", бештар масъалаи "вақт" аст.

Маъмурияти Доналд Трамп дар ин бора ошкоро ҳарфе нагуфтааст.

Грегори Брю, таҳлилгари аршади ширкати Eurasia Group, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Эрон панҷ истгоҳи дигари содироти нафт дорад. Аз ҷумла, истгоҳи нави Ҷоск дар шарқи гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки ба воситаи лӯлаи тақрибан 1000-километрӣ ба майдонҳои асосии нафти Эрон пайваст аст."

Агар Иёлоти Муттаҳида талош кунад назорати Хоргро ба даст гирад, Эрон метавонад истгоҳҳои нафтро дар ин ҷазира нобуд кунад. Коршинос Брю гуфт, мумкин аст, мақомоти Эрон беҳтар шуморанд, ки зерсохтҳои ҷазираи Хоргро худашон аз байн баранд, то ин ки ба дасти дигарон биуфтад.

Брю ҳамчунин гуфт, ҳар гуна нерӯи низомии амрикоӣ дар ҷазираи Хорг дар баробари ҳамлаҳои ҷавобии Эрон осебпазир хоҳад буд. Чун, ба гуфтаи ӯ, ин ҷазира аз ҳамлаҳои мушакӣ ё паҳподӣ ҳеч гуна муҳофизати ҷиддӣ надорад.

Тасарруфи ҷазираи Хорг аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида мумкин аст барои раҳбари нави олии Эрон, оятуллоҳ Муҷтабо Хоманаӣ, низ як баҳонаи бузурги таблиғотӣ фароҳам кунад.

“Ин метавонад ба режими Эрон имкон диҳад, ки ҳадафи ҷангро аз ҳимояти худ дар баробари ҳамлаи Амрикову Исроил ба ҳифзи тамомияти арзии кишвар дигар кунад,” – гуфт Грегори Брю.

Маҷлиси Хубрагон рӯзи 8-уми март Муҷтабо Хоманаиро ба ҷойи падараш Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эрон интихоб кард. Алии Хоманаӣ, ки 37 сол раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ буд, рӯзи 28-уми феврал дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил кушта шуд.