Хонаҳои тоҷикону қирғизҳоро чӣ гуна иваз карданд?
Баъзе аз сокинони як деҳаи марзӣ дар Исфара иддао доранд, ки бо гузашти 6 моҳ тақсимоти одилонаи молу мулки табодулшуда сурат нагирифтааст. Даҳҳо хонавода дар ин шаҳр ҳангоми табодули қитъаи марзӣ аз ҳавливу заминҳояшон маҳрум шудаанд, вале дар иваз бо ҷойи зисти муносиб таъмин нагаштанд.
