"Сохтакорӣ" ва "тақсими замин". Боздошти муовини раиси Кӯлоб
Мақомоти интизомӣ Алишер Бобоҷонзода, муовини раиси шаҳри Кӯлобро боздошт кардаанд. Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Алишер Бобоҷонзода рӯзи 23-юми феврал боздошт шуда, Додситонии шаҳри Кӯлоб ӯро ба “сохтакорӣ” ва “тақсими нодурусти замин” гумонбар медонад.
