"Табиб гуфт, бояд ҷарроҳӣ шавӣ." Паёми Хушом Ғулом аз зиндон
Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф ба Хушом Ғулом, блогер ва фаъоли зиндонӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар номае аз маҳбас паём додааст, ки аҳволаш хуб нест ва ба ҷарроҳӣ ниёз дорад. Ӯ 26-сола аст.
