Вокунишҳо ба суханони сафири ИМА дар бораи "ҳақ"-и Исроил бар Ховари Миёна
Чандин кишвари арабӣ ва исломӣ ба ҳамроҳи се ниҳоди минтақавӣ, изҳороти Майкл Ҳакаби, сафири Амрико дар Исроилро дар бораи ончӣ "ҳаққи инҷилӣ"-и Исроил бар бахшҳои калоне аз Ховари Миёна хондааст, маҳкум карданд ва онро мухолифи ҳуқуқи байналмилалӣ донистанд.
Майкл Ҳакаби дар гуфтугӯ бо Такер Карлсон, шореҳи муҳофизакори амрикоӣ, ки рӯзи 20 феврал нашр шуд, дар посух ба пурсише дар бораи тафсири таҳтулафзии як оят аз китоби муқаддаси масеҳиён гуфт, "агар Исроил ҳамаашро ҳам бигирад, мушкиле надорад".
Ин ояти Инҷил гоҳ ба унвони "ҳақ"-и Исроил бар сарзамини миёни дарёи Нил дар Миср то Фурот дар Сурия ва Ироқ, таъбир мешавад.
Дар вокуниш, Вазорати корҳи хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 22 феврал якҷо бо чандин кишвари дигари арабӣ ва исломӣ бо нашри баёнияи муштарак эълон кард, ин изҳорот "хатарнок ва таҳрикомез" аст ва бо санадҳои Созмони Милали Муттаҳид дар мухолифат қарор дорад.
Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, дар ин баёния Арабистони Саудӣ, Миср, Урдун. Имороти Муттаҳидаи Араб, Индонезия, Покистон, Туркия, Қатар, Кувайт, Умон, Баҳрайн, Лубнон, Сурия ва Давалти Фаластин, имзо гузоштаанд. Ҳамчунин Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Иттиҳодияи Араб ва Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс низ онро таъйид карданд.
Дар баёнияи кишварҳои арабӣ ва исломӣ таъкид шудааст, ки чунин мавзеъгирӣ талошҳо барои коҳиши таниш дар ҷанги Ғазза ва пешбурди як дурнамои сиёсӣ барои ҳаллу фасли фарогири ин муноқишаро камранг мекунад.
Дар муқобил, Амир Оҳана, раиси порлумони Исроил, дар шабакаи Х аз Майкл Ҳакаби ба хотири мавзеъгириаш дар ҳимоят аз Исроил дар мусоҳибааш, ситоиш кардааст.
Исроил аз замони таъсис дар соли 1948 марзҳои комилан ба расмиятшинохташуда надоштааст. Ин кишвар дар ҷанги шашрӯзаи 1967 Каронаи бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси шарқиро ба тасарруфи худ даровард. Минтақае, ки акнун ҳудуди 700 ҳазор шаҳракнишини исроилӣ дар миёни се миллион фаластинӣ дар он зиндагӣ мекунанд.
Фаластиниҳо ин сарзаминҳоро барои ташкили кишвари мустақили худ ва пойтахташ Байтулмуқаддаси шарқӣ, мехоҳанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои гузориш додаанд, ки ҳукумати Исроил ахиран тарҳеро барои хариди осони замин аз сӯи шаҳракнишинон дар Каронаи бохтарӣ қабул кардааст. Иқдоме, ки бо интиқоди Олмон ва бархе кишварҳои дигар рӯбарӯ шудааст.
