"Ба самти номаълум бурданд." Боздошти як фаъоли "Гурӯҳи 24" дар Туркия
Фирӯз Бобоев, машҳур бо номи Зайд, узви "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар ҳудуди кишвар мамнуъст, дар Туркия дастгир шудааст. Ӯ 37-сола аст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори мансабдорони тоҷикро танқид мекунад.
