ru24.pro
World News in Tajik
Февраль
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20
21
22
23
24
25
26
27
28

Дар Тоҷикистон ҷинояти таҷовуз ба номус зиёд шудааст

0

Соли 2025 дар Тоҷикистон ҷинояти таҷовуз ба номус қариб 20 дарсад зиёд шудааст.

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар кишвар 49 ҳолати таҷовуз ба номус ё қасди таҷовуз сабт шудааст, ки назар ба як соли пеш 8 адад бештар аст.

Мақомот дар бораи сабабҳои зиёд шудани ҷинояти таҷовуз ба номус расман чизе нагуфтаанд.

Оҷонси омори Тоҷикистон танҳо омори ҷиноятҳоро ҷамъ меоварад, аз ин рӯ сабабҳои рӯ ба афзоиш овардани таҷовуз ба номус маълум нест.

Ҳомиёни ҳуқуқи занон дар гузашта гуфтаанд, ки мавридҳои дастдарозӣ ба занон дар кишвар бештар аст, зеро занону духтарон аз "тарси шармсор ва беобрӯ шудан дар байни ҷомеа", ба мақомоти интизомӣ расман шикоят намекунанд.

Тибқи гузориши Оҷонсии омор, соли 2024 дар кишвар ҳамчунин ғоратгарӣ 24, роҳзанӣ 14, қаллобӣ қариб 11 ва қочоқи маводи мухаддир 20 дарсад зиёд шудааст.

Сабаби зиёд шудани ин ҷиноятҳои вазнин маълум нест.