ru24.pro
World News in Tajik
Февраль
2026
1 2 3 4 5 6 7 8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

Як муовини нави вазир барои вазоратхонаҳои Тоҷикистон илова мешавад

0

Дар ҳама вазоратҳои Тоҷикистон ғайр аз муовинони феълии вазир, боз як муовини дигар таъин хоҳад шуд, ки вазифааш ба рақамикунонӣ нигаронида мешавад.

Дар ин бора Хуршед Мирзо, раиси Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ рӯзи 6-уми феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дода, афзуд, ки чунин амал ба манфиати кор аст.

“Дар ҷаласаи васеи ҳукумат роҳбари давлат супориш доданд, ки дар ҳама вазоратҳо як муовини дигар таъин шавад, ки фақат масъули рақамикунонӣ бошад, ки ҳам барои пешравӣ ва гузариши рақамӣ мусоидат мекунад. Баъд вай мутахассисон аз манфиатҳои идоравӣ камтар, бештар ба гузариши рақамӣ мусоидат мекунанд”, - гуфт ӯ.

Вай шарҳ дод, афроде, ки ба ҳайси муовин таъин мешавад, шарт нест мутаххассиси IT ё фанновариҳои иттилоотӣ бошад, муҳим аз раванди ислоҳот ба гузориши рақамӣ огоҳ бошад.

Тоҷикистон дар чанд соли ахир бо таҳияи барномаву таъсиси ниҳоди алоҳида талош дорад аз иқтисодӣ анъанавӣ ба иқтисодӣ рақамӣ гузарад. Мақомот норасоии зерсохтори зарурӣ, аз ҷумла марказҳои коркарди маълумот, махзанҳои рақамӣ, суръату сифати интернет ва омодасозии мутахассисони соҳаи IT-ро аз мушкилотҳои ин раванд медонад.

Маълум нест таъини муовини нав дар вазоратҳои кишвар дар гузор ба иқтисоди рақамӣ ё рушди ҳукумати электронӣ то куҷо таъсир хоҳад гузошт.