ru24.pro
World News in Tajik
Февраль
2026
1 2 3 4 5 6 7 8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

"Камолиддини Беҳзод ҳунари миниатюраро ба чизи дигаре табдил дод"

0

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал сабки суратнигории Камолиддини Беҳзод, яке аз мусаввирони бузурги мардуми форсизабонро ба мероси ғайримоддӣ ва фарҳангии ҷаҳон шомил кард. Аммо дар зодгоҳаш дар Ҳироти имрӯз, ки Толибон дар он фармонфармоӣ мекунанд, на намоишгоҳе мондааст ва на ҷое, ки пайравони ҳунари миниатюрнигории ӯ озодона кор кунанд.

Ҳирот, ватани Беҳзод, наққоши маъруфи мардуми форсизабон аст. Чандсад сол баъд аз сари ӯ ҳунармандони ин шаҳр аз эътирофи сабки Камолиддини Беҳзод ба ҳайси мероси фарҳангии башарият эҳсоси шодӣ ва умед мекунанд.

Муҳаммад Юнус Қонеъ, як наққош гуфт: «Дар ҳамин ҳолате, ки дар торикӣ, дар вақти хеле мушкиле қарор доштем, як хабари хуше барои мо омад, ки сабти ЮНЕСКО шуд. Воқеан хабари бисёр хушҳолкунандае буд барои мо. Бахусус барои ҳунармандон ва тамоми мардуми Афғонистон.

Муҳаммад Юнус Қонеъ бо мӯқалами нозук ҷузъиёте монанди ёли асп ё марворидҳои гарданбандро наққошӣ мекунад. Мегӯяд, саргарми ин кор ба 500 сол пеш, ба кӯчаҳои онвақтаи Ҳирот бармегардад.

«Ин яке аз корҳои пуркори устод Камолиддин Беҳзод аст, ки ман ба он алоқаманд будам ва дубора сари он кор мекунам, - гуфт Қонеъ. - Ин мусаввара достони ҳазрати Юсуф ва Зулайхо аст. Мавзуъ маълум аст, ки ҳазрати Юсуф дар ҳоли фирор аст ва дарвозаҳоро нишон додаанд. Вақте рӯи ин наққошӣ кор мекунед, шумо ба умқу зарофату қувваву қудрати устод пай мебаред”.

ЮНЕСКО, муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал бо ситоиши «ифодаи пуртаровати Беҳзод», моҳи декабр сабки миниатуранигории Беҳзодро ба феҳрасти мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид кард. Нигораҳои Камолиддини Беҳзод дар осорхонаҳои машҳур, аз ҷумла Осорхонаи метрополитени Ню-Йорк, осорхонаҳои Лондон ва Топкапӣ дар Истанбул нигоҳдорӣ мешаванд.

Майкл Баррӣ, коршиноси ҳунари исломӣ ва раиси собиқи шӯрои бахши ҳунари исломии Осорхонаи Метрополитени Ню-Йорк мегӯяд:

«Метавонем бигӯем, ки Ҳирот дар байни солҳои 1469 ва 1506, дар аҳди султон Ҳусайн Мирзо Бойқаро, дар ҷаҳони ислом муодили дақиқи Флоренсия ё Венетсия дар ҷаҳони Аврупо буд. Ва бузургтарин ҳунарманди мактаби наққошии Ҳирот - Беҳзод, ки тақрибан дар байни солҳои 1465 то 1535 зиндагӣ кардааст, дар тасаввуроти исломӣ тақрибан ҳамон мартабаеро дорад, ки ҳамзамони дақиқи ӯ, Леонардо да Винчӣ дар Ғарби Аврупо дошт».

Масҷиди марказӣ ва зебои Ҳиротро ҳам бо сабки Камолиддини Беҳзод наққошӣ кардаанд.

Аҳмад Ҷовид Зарғом, раиси собиқи раёсати фарҳанг ва ҳунари вилояти Ҳирот мегӯяд: «Қабл аз Беҳзод мо чеҳраҳоро беҳаракат мебинем ва наққошиҳо соддаву берӯҳ ҳастанд. Аммо Беҳзод омад ва наққоширо комилан дигаргун кард. Ӯ ҳунари миниатюраро ба чизи дигаре табдил дод. Масалан мебинем, аз мардуми оддӣ, раҳгузар, дарвешон, мулло, ё саҳнаҳои омӯзиши духтарону писарон ё, масалан, теъдоде аз коргарон масруфи меъморӣ».

Пайравони ҳунари суратгарии Беҳзод дар Ҳирот инҷо ба наққошӣ бо сабки ӯ машғуланд. Шаҳре, ки то омадани Толибон сарзиндаву шод буд ва ҳоло баръакс шудааст. Рӯи шиша ё коғаз наққошӣ мекунанд ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ё ба шиносҳояшон мефурӯшанд. Наққошӣ барои ин бонувон, ки Толибон аз ҳуқуқи бунёдиашон маҳрум кардаанд, на танҳо манбаи даромади андак, балки эҳсоси озодӣ аст.

Наққош Осия Арнавоз мегӯяд: «Хеле аз инсонҳо дунболи он мегарданд, ки ҳатто баъзеҳо ба равондармон муроҷиат мекунанд. Баъзе кӯшиш мекунанд, ки як кореро ёд бигиранд. Худи ин сабк арзиши бисёр волое дорад. Вақте менишинам ва кор мекунам, худро комилан раҳошуда эҳсос мекунам ва мефаҳмам, ки хилқати Худованд чӣ қадар хуб будааст, ки маро озод офаридааст ва он озодиро ҳамон лаҳза эҳсос мекунам».

Аз замони бозгашти Толибон бо қонунҳои сахтгиронаи исломӣ ва иртиҷоии худ ба қудрат дар соли 2021, бисёре аз ҳунармандон Афғонистонро тарк карданд. Муҳаммад Юнус Қонеъ нигористони худро баст ва дар хона кор мекунад. Муштариёнаш кам шудаанд ва намоишгоҳе дигар нест. Ва он ҳам дар зодгоҳи Камолиддини Беҳзод, аз бузургтарин мусаввирони аҳди шукуфоии ислом.