ru24.pro
World News in Tajik
Январь
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир мешавад

0

Моҳи сентябр дар Тоҷикистон Фестивал ё Ҷашнвораи бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад.

Ин ҷашнвора дар асоси "Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026", ки онро президенти кишвар тасдиқ намудааст, доир карда мешавад.

Барои баргузории ин чорабинии оммавии варзишӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ дар якҷоягӣ бо федератсияҳои миллии варзишӣ, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд.

Гуфта мешавад, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо мақсади эҳё, рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносию худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон баргузор мегардад.

Ба барномаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ гуштигирӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнабардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, варзиши сабук (давидан ба масофаҳои мухталиф), шоҳмот, бандкашӣ ва ғайра дохиланд.

Бояд зикр намуд, нахустин Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ моҳи сентябри соли 2016 доир гардида буд. Ба барномаи фестивал ба ғайр аз намудҳои миллии варзиш, инчунин бозиҳои намоишӣ – хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонғулак, фалахмонбозӣ, ҳойталак ва бандпарак шомил буданд.