Ба хонаводаи афсари ҳалокшуда дар марз хона додаанд
Ба хонаводаи Исматулло Қурбонов, афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2025 дар марз кушта шуд, хона ва кӯмакпулӣ додаанд.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон 7-уми январ хабар дод, ки калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Бохтарро раиси вилоят ба хонаводаи афсари кушташуда додааст. Пайвандони ин афсар дар ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ мекунанд.
Рӯзи 1-уми январ мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ба хонаводаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, афсари дигари кушташуда дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ доданд.
Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков, ду афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, рӯзи 24-уми декабр дар пайи ҳамлаи афроди мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон дар наздикии мавзеи Қавоқ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушта шуданд. Мақомоти тоҷик ҳамлаваронро гурӯҳи террористӣ ном бурданд.
Бар пояи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Зиреҳбон Наврӯзбекови 33-сола бо зарби шаш тир ба ҳалокат расидааст. Исматулло Қурбонови 28-сола дар ин ҳодиса ба ҷуқурии 200-метрии яке аз ғорҳои минтақа афтодааст. Як рӯз баъд ҷасади ӯро берун оварда ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба хок супурдаанд. Ин афсарон дар қисми марзбонии "Саричашма" адои хидмат мекарданд.
