ru24.pro
World News in Tajik
Январь
2026
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Даҳҳо кушта ва сад захмӣ дар сӯхторе дар Швейтсария

0

Мақомоти Швейтсария рӯзи 1-уми январ хабар доданд, ки бар асари сӯхтор дар ҷанубу ғарби ин кишвар даҳҳо кас ҷон бохта ва 100 нафар захмӣ шудаанд. Ҳоли аксари маҷруҳон “вазнин” гуфта мешавад.

Хабаргузории Reuters гузориш дод, ки ҳодиса ҳангоми таҷлил аз Соли нав дар як клуби серодам соати 1:30-и шаб рӯй дод.

Ба иттилои Би-би-сӣ, ба ҷойи ҳодиса даҳ чархболу чиҳил мошини Ёрии таъҷилӣ фиристода шуд.

Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест.

Пулис дар аввал гуфта буд, ки таркиш рух додааст.

Мақомоти Швейтсария гуфтаанд, ҳодиса бештар ба як тасодуф монанд аст, на ба ҳамлаи барқасдона.