ru24.pro
World News in Tajik
Январь
2026
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Толибон мегӯянд, ки шумори нерӯҳояшон ба 300 ҳазор тан расидааст

0

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон гуфтааст, ки дар соли 2025 шумори нерӯҳои амниятӣ ва дифоии омӯзишдидаашон дастикам ба 300 ҳазор тан расидааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон рӯзи 31 декабр дар гузориши солона дар бораи амалкардҳои ин ҳукумат дар соли 2025, ки дар сафҳаи Х-и худ нашр кард, навиштааст, ки дар соли гузашта Вазорати дифои онҳо шумори нерӯҳои омӯзишдидаи амниятиро ба 181 ҳазору 84 тан расондааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунон дар ҷараёни як сол 100 ҳазору 300 пулис дар бахшҳои амниятӣ, ҷиноӣ, марзӣ ва дигар бахшҳо омӯзиш дида ва фориғутаҳсил шуданд.

Бо ин ҳол, ӯ мушаххас накардааст, ки дар ҳоли ҳозир шумори умумии нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Толибон ба чӣ теъдод мерасад, аммо дар баҳори соли 2024 Фасеҳудин Фитрат, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати Толибон дар як гуфтугӯ бо телевизиони "Тулӯъ" иддао карда буд, ки шумори нерӯҳои мусаллаҳи онҳо ба 500 ҳазор тан мерасад.

Ҳамчунин Кумитаи назорат бар таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ дар навтарин гузориши худ, ки дар нимаи моҳи декабр нашр шуд, эълон кард, ки дастгоҳи амнияти Толибон байни 380 то 450 ҳазор фард дорад, ки ҳудуди 150 ҳазор тани он нерӯҳои дифоӣ ва наздик ба 200 ҳазор тани дигар пулис ва нерӯҳои истихборотӣ мебошанд.

Дар ин гузориш омада буд, ки дар нимаи нахусти соли молии 2025, хароҷоти Толибон дар бахши амниятӣ ба 55,2 миллиард афғонӣ (беш аз 830 миллион доллар) расидааст, дар ҳоле, ки 64,2 миллиард афғонӣ дар дигар бахшҳо харҷ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз таҳлилгарон ва сокинони ин кишвар мегӯянд, дар шароите, ки фақр, тангдастӣ ва бекорӣ дар Афғонистон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад, бештар кардани нерӯҳои амниятии Толибон авлавият нест, балки ба гуфтаи онҳо, бояд барои беҳбуди вазъияти мардум кор сурат бигирад.