Марги корманди пешини ҳукумати Исфара бо ҳамсару фарзандаш
Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди пешини ҳукумати шаҳри Исфара ва ҳамсару духтараш шоми 7-уми декабр дар шароити номаълум фавтидаанд. Наздиконаш мегӯянд, аҳволи аъзои ин оила баъди истеъмоли хӯроки шом бад шуда, се нафарашон то даъвати пизишкон ҷон доданд.
