ru24.pro
World News in Tajik
Ноябрь
2025

"Хиёнат, ҳамкорӣ ва сафар ба Душанбе." Ихроҷи се узви "Гурӯҳи 24"

0

"Гурӯҳи 24", ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар ҳудуди кишвар мамнуъст, дар як моҳи охир се узви созмонро аз сафаш берун кардааст.

Масъулони созмон дар эъломияе Қурбоналӣ Орифов ва Мустафо Ҳаётовро ба "риоя накардани оиннома ва боло гузоштани манфиатҳои шахсӣ аз манофеи умумии ҷунбиш" гунаҳкор донистанд.

Ба иддаои онҳо, аввалӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва дувумӣ дар Фаронса паноҳанда ҳастанд. Мустафо Ҳаётов дар вокуниш ба қарори Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Фейсбук навиштааст, “ҳаргиз дар ин роҳи душвор ҳадафи шахсӣ надоштам. На мансаб мехостам, на шуҳрату салтанат."

Ин фаъоли “Гурӯҳи 24”-ро соли 2019 аз Лаҳистон (Полша) ронда буданд ва ӯ дар рӯзҳои аввали расиданаш ба Тоҷикистон дар наворе иддао кард, ки дар озодист. Дар бораи сарнавишти баъдияш иттилое дар даст набуд.

Қурбоналӣ Орифов дар саҳифааш дар Фейсбук ҳанӯз дувуми ноябр гуфтааст, ки “бо хоҳиши худ” аз сафи “Гурӯҳи 24” берун шуд: “Сабаби ин қарор на ихтилоф, балки танҳо дидгоҳи шахсӣ ва хоҳиши идомаи кори мубориза дар шакли озодтар аст. Мо ҳама як ҳадаф дорем, озодии миллат ва поёни зулм. Фақат роҳҳо ва шаклҳои муборизаи мо метавонанд гуногун бошанд."

Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” далели ихроҷи Туйчӣ Маллоев, узви дигари созмонро “хиёнат ба арзишҳо ва ҳадафҳои мубориза, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии режими диктатории Раҳмон ва сафари ӯ ба шаҳри Душанбе” номидааст.

“Амали мазкур на танҳо бар зидди меъёрҳои дохилӣ, балки бар хилофи усулҳои асосии муборизаи сиёсӣ ва эътимоди аъзои ҳаракат мебошад,” – гуфта шудааст дар эъломияи созмони “Гурӯҳи 24”.

“Гурӯҳи 24” мегӯяд, яке аз қарорҳо рӯзи 10 ва дигаре рӯзи 12-уми ноябр содир шуд ва ин се нафар аз лаҳзаи тасдиқи қарор, “дигар намоянда ва узви ҳаракат нестанд ва ҳаракат масъули ягон амал, изҳорот ва фаолиятҳои минбаъдаи онҳо намебошад”.

Бори аввал нест, ки “Гурӯҳи 24” баъзе аз аъзои худро аз сафаш берун мекунад. Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” моҳи августи соли 2024 эълом кард, ки узвияти Убайдулло Носиров, машҳур ба Убайдулло Саидиро “бо сабаби пойбанд набудан бо оинномаи ҳаракат” бекор кард. Саидӣ даъво дошт, ки “ғайриқонунӣ” ронда шудааст ва дертар созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон"-ро фаъол кард.

Фаъолияти “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ”-ст. Масъулонаш созмонро сиёсӣ ва фаъолияти онро дурусту қонунӣ медонанд. То ин дам бо гуноҳи пайравӣ аз “Гурӯҳи 24” даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шудаанд. Созмонро соҳибкор ва муҳандис Дилшод Шарифов раҳбарӣ мекунад.