ru24.pro
World News in Tajik
Ноябрь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25
26
27
28
29
30

4 медали тилои навҷавонони тоҷик дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Душанбе

0

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо байни навҷавонон, ки рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, чаҳор медали тило ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), мусобиқа байни навҷавонон бо иштироки 276 варзишгар (243 писар ва 33 духтар) аз панҷ кишвари қора – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) – сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи навҷавонон 186 варзишгар (176 писар ва 10 духтар) муаррифӣ кард.

Чаҳор медали тилоро навҷавонони тоҷик дар рақобатҳо байни писарон соҳиб шуданд: Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Бинёмин Назиров (-73 кг), Зикриоллоҳ Шарипов (–81 кг) ва Панҷшер Муъминов (-90 кг).

Дар сабқати писарон дар се вазни дигар - Олимҷон Неъматуллоев (-60 кг, Узбекистон), Даут Полтушев (-100 кг, Қирғизистон) ва Асадбек Шихназаров (+100 кг, Узбекистон) – пирӯз гаштанд.

Дар сабқати духтарон дар ду вазн гуштигирон аз Узбекистон - Дилдор Ҳамроева (-48 кг), Марҷона Отақулова (-52 кг), дар ду вазни дигар намояндагони дастаи IJF - Валерина Носова (-57 кг), Адей Таболова (-63 кг), инчунин Айсулуу Бегмамат қизи аз Қирғизистон (-70 кг) ва Салтанат Ахметова аз Қазоқистон (-78 кг) бо медалҳои тило сарфароз шуданд.