ru24.pro
World News in Tajik
Ноябрь
2025

Қудрат ва сармоя. Чаро наздикони президентҳо ба бонкҳо рӯй меоранд?

0
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бонкҳо на фақат ниҳоди молӣ, балки абзори таъсиргузор дар сиёсат низ ҳастанд. Баъзе аз хешовандон ё шахсони наздик ба раҳбарони минтақа дар ҳоли ҳозир бонкҳои калонтаринро идора мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ҳам сармоя ҷамъ оранд ва ҳам аз хатарҳо эмин бошанд.