“Занон тоқат мекунанд, вале косаи сабр ҳам як рӯз пур мешавад”
Тоҷикистон ба зудӣ хушунат ва зӯровариро дар оила ҷурми ҷиноӣ эълон ва барои он ҷазо таъйин хоҳад кард. Ҳоло зӯроварӣ дар хона ҷурми маъмурӣ шумурда мешавад ва танҳо пайомадҳои вазнини он тибқи бандҳои дигари Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешаванд.
