Захмӣ ва кушта шудани беш аз 35 нафар дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Исломобод
Дар як таркиши интиҳорӣ ё маргталабона дар наздикии бинои додгоҳе дар Исломобод, пойтахти Покистон, дастикам 12 нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шудаанд. Манобеъ дар бемористонҳои Исломобод гуфтаанд, ки вазъи чанде аз захмиҳо вазнин аст.
