Вазир ҷузъиёти созишномаи қарзии Тоҷикистон бо Қатарро шарҳ дод
Вазири молияи Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи қарзӣ бо Қатарро дар порлумон шарҳ додааст. Тибқи созишномае, ки моҳи августи имсол имзо шуд, Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳи "Роғун" аз Бунёд ё Хазинаи Қатар дар мавриди рушд 50 миллион доллар қарз мегирад. Аммо шарту шароити ин созишнома маълум набуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон 1-уми октябр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ин маблағ ба муддати 12 сол ба Тоҷикистон дода мешавад. Ба гузориши рӯзномаи порлумонии "Садои мардум", Тоҷикистон давоми 12 сол ба барои пардохти хароҷоти қарз ба Бунёди Қатар 15 миллион доллар медиҳад. Ба гуфтаи вазири молия, 50 миллион доллар қарзи Бунёд ё Хазинаи Қатар барои бунёди сарбанди асосии неругоҳи "Роғун" сарф мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад барои то охир сохтани нерӯгоҳи "Роғун" аз хориҷ сармоя дарёфт кунад. То ин вақт Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва баъзе кишварҳо аз сармоягузорӣ ба сохтмони "Роғун" хабар доданд. Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Бонки Осиёии Сармоягузори Зербунёдҳо барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо мекунад.
Моҳи августи имсол "Независимая Газета", яке аз нашрияҳои Русия, навишт, ки ояндаи нерӯгоҳи азими "Роғун" таҳти суол қарор гирифтааст. Ба навиштаи муаллифи мақола, баъзе аз сармоягузорони асосии нерӯгоҳ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ба сабаби иҷро нашудани бархе талабот ҷудо кардани пулро ба таъхир андохтанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтаанд.