ru24.pro
World News in Tajik
Октябрь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Бозгашти ҳазорон овораи фаластинӣ ба Ғазза пас аз эълони оташбас

0

Ҳазорон фаластинии овора рӯзи ҷумъа, 10 октябр пас аз барқарории оташбас байни Исроил ва "Ҳамос" ва оғози ақибнишинии сарбозони исроилӣ аз бахшҳое аз Навори Ғазза, ба тарафи хонаҳои вайроншудаи худ рафтаанд.

Аксҳо ва наворҳои нашршуда нишон медиҳад, ки ҳазорон овора дар миёни гарду ғубор ба тарафи шимоли Ғазза дар ҳаракатанд. Ин шаҳр чанд рӯз пеш шоҳиди яке аз калонтарин ҳамлаҳои Исроил дар тӯли ҷанги дусола буд.

Артиши Исроил эълон кард, ки созиши оташбас аз зӯҳри ҷумъа ба вақти маҳаллӣ, ба ҳолати иҷро даромад. Кобинаи ҳукумати Исроил бомдоди ҷумъа оташбас бо "Ҳамос"-ро қабул кард ва роҳро барои ақибнишинии нисбии нерӯҳо дар 24 соат, ҳамвор намуд.

Интизор меравад, ки "Ҳамос" 20 гаравгони зиндаи исроилиро давоми 72 соат озод кунад ва пас аз он Исроил 250 фаластиниро, ки дар Исроил ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум шудаанд ва 1700 нафари дигарро, ки дар тӯли ҷанг дар Ғазза боздошт шудаанд, озод кунад.

Стив Виткофф, фиристодаи вижаи ИМА барои Ховари Миёна гуфт, ки артиши Исроил марҳилаи аввали ақибнишинӣ аз Ғаззаро такмил карда, давраи озодии гаравгонҳо оғоз шудааст.

Пас аз амалӣ шудани созиш, мошинҳои борбари ҳомили кӯмакҳои ғизоӣ ва доруворӣ барои кӯмак ба ғайринизомиёни Ғазза, ки садҳо ҳазор нафар аз онҳо пас аз вайрон шудани хонаҳояшон аз сӯи артиши Исроил ва тахриб шудани ҳама шаҳрҳо дар хаймаҳо ба сар мебаранд, вориди минтақа хоҳанд шуд.

Марҳилаи аввали тарҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои поён додан ба ҷанги дусолаи Ғазза, шомили хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз бархе минтақаҳои Ғазза аст, агарчи онҳо ҳамчунон тақрибан ниме аз ин минтақаи муҳосирашударо назорат хоҳанд кард.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил зимни суханронии телевизионӣ гуфт, ки нерӯҳои исроилӣ дар Ғазза хоҳанд монд, то аз ғайринизомӣ шудани ин минтақа ва халъи силоҳи "Ҳамос" дар марҳилаҳои баъдии тарҳи Трамп, боварӣ ҳосил шавад.

Ба гуфтаи сокинони Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза, бархе нерӯҳои исроилӣ аз минтақаи шарқӣ дар наздикии марз ақибнишинӣ карданд, аммо садои тирандозӣ аз тонкҳо шунида мешавад.

Маҳдӣ Сақло, як сокини ин минтақа гуфт, "ҳамин ки хабари оташбасро шунидам, бисёр хушҳол шудем ва омода шудем, то ба шаҳри Ғазза, ба хонаҳоямон баргардем. Албатта хонае вуҷуд надорад, онҳо вайрон шудаанд".

Ҷанги навбатӣ миёни Исроил ва фаластиниҳо 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин рӯз "Ҳамос" 1200 исроилиро кушт ва беш аз 250 тани дигарро ба гарав бурд. Дар пайи ҳамлаҳои наздик ба ду соли Исроил ба Ғазза, 67 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.