"Чаро нисбати муҳоҷирон ноҳаққӣ мекунед"? Суолҳо ба Путин пеш аз сафар ба Тоҷикистон
Интизор меравад, ки рӯзи 9-уми октябр Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон биравад. Расонаҳои русӣ навиштанд, Путин зимни сафараш ба Душанбе дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ширкат карда, ҳамчунин бо президент Эмомалӣ Раҳмон вомехӯрад.