Интиқоли пул ба Тоҷикистон дар се моҳ 66 дар сад зиёд шудааст
Бино ба омори тозаи Бонки Авруосиёии Рушд, интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол 66 дар сад афзуда ба 1.8 миллиард доллар расидааст. Дар як баёнияи кӯтоҳи ин бонк дар Телеграм омадааст, ки афзоиши пулҳои интиқолӣ, қимати баланди тиллои содиротӣ сабаби тақвияти қурби сомонӣ пули миллии Тоҷикистон шудааст.
Ба гуфтаи Бонки Авруосиёии Рушд, ки Русия аз бунёдгузорони асосии он аст, аз аввали имсол қурби сомонӣ дар баробари доллар 12.5 дар сад ва то аввали моҳи июл 3.3 дар сад боло рафтааст. Ба қавли бонки мазкур, афзоиши қурби сомонӣ сабаби коҳиши таваррум шудааст, ки моҳи июн ба 3.6 дар мерасид ва дар муқоиса бо моҳи май поинтар аст.
Иқтисоди Тоҷикистон ба пули муҳоҷирони корӣ сахт вобаста аст, ки солона ба кишвар садҳо миллион доллар мефиристанд ва беҳтар шудани зиндагии хонаводаҳои худ ва ҳамингуна пешрафти иқтисоди кишвар саҳм мегузоранд. Айни замон муҳоҷирати зиёд, сабаби норасоии мутахассисон дар Тоҷикистон, дурии хонаводаҳо аз ҳам, афзудани мушкилоти иҷтимоӣ ва дигар мушкилоти зиёд дар ҷомеа шудааст.