Тавсияи раис ба мансабдорон:"Аввал хидмат ба миллат, сипас зиёрати Ҳаҷ"
Илёс Идрисзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, беҳтар аст мақомдорони давлатӣ баъди ба нафақа баромадан ҳаҷ кунанд. Изҳори назари Идрисзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ садо дод.