ru24.pro
World News in Tajik
Июль
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23
24
25
26
27
28
29
30
31

Беш аз 30 фаластинӣ дар вақти гирифтани ғизо кушта шудаанд

0

Ба гуфтаи шоҳидон ва масъулони бемористон, неруҳои Исроил рӯзи 19-уми июл бори дигар ба сӯи гуруҳе аз фаластиниҳо, ки барои дарёфти ғизо мерафтанд, оташ кушодаанд. Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, дар пайи ин ҳодиса беш аз 30 нафар кушта шудаанд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" хабар дод, ки тирандозӣ дар наздикии маркази "Бунёди башардӯстонаи Ғазза" (GHF) рух дод.

Ин бунёд моҳи феврали имсол бо пешниҳоди Амрико ва Исроил ба кор оғоз кард. Ҳадаф аз ташкили онҳ, тағйир додани низоми тақсими ёриҳои башардӯстона дар Ғазза аст. Пештар Исроил иддао карда буд, гуруҳи "Ҳамос" кумакҳои башардӯстонаро ба нафъи худ истифода мебарад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро гуруҳи террористӣ медонанд.

Созмони Милал аз фаъолияти "Бунёди башардӯстонаи Ғазза" сахт интиқод карда гуфтааст, ин бунёд дар кораш усули башардӯстонаро риоят намекунад. Аммо бунёд чунин танқидҳоро рад карда гуфтааст, то кунун миллионҳо бастаи ғизоро байни мардуми гуруснаи Ғазза тақсим кардааст.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гузориш додааст, ки артиши Исроил дар макони тақсими кумакҳо ҳузур надорад, танҳо аз дур амниятро барқарор мекунад.

Ин бори аввал нест, ки сокинони Навори Ғазза дар вақти навбатпойӣ барои гирифтани ғизо кушта мешаванд. Ҳафти гузашта низ 20 нафар дар яке аз марказҳои тақсими ғизои "Бунёди башардӯстонаи Ғазза" кушта шудаанд.

Рӯзи 13-уми июл бар асари бархӯрди мушаки артиши Исроил ба нуқтаи тақсими об дар урдугоҳи гурезаҳои Нусейрат дар Ғазза, дастикам 8 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ шуда буд.

Артиши Исроил гуфт, ки мушак ба сӯи як ҷангҷӯи гуруҳи "Ҷиҳоди исломӣ" партоб шуда буд, аммо "ба далели корношоямӣ" мушак чанд метр дуртар афтид.