Трамп: Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кард
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико субҳи якшанбеи 22-юми июн эълон кард, ки ҳавопаймоҳои ин кишвар ба 3 таъсисоти ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро “бисёр муваффақиятомез” номид.
