Занони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел хоҳони қатъи ҷанг миёни Исроил ва Эрон шуданд
Муассисаи «Занони Нобел» рӯзи панҷшанбе 19 июн бо нашри баёнияе хостори оташбаси фаврӣ миёни Исроил ва Эрон шуд. Дар ин баёния ҷангро «муқобили қонунҳои байналмилалӣ» хонда ва аз «ранҷи густурдаи инсонӣ» ва «хатари густариши як низои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» ҳушдор дода шудааст.