ru24.pro
World News in Tajik
Июнь
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

Манбаъ: 5 тифли нобудшуда дар сӯхтори  Подмоскове аз хонаводаи сокинони ноҳияи Ҷомии Тоҷикистон буданд

0

Як манбаи огоҳ аз фоҷеаи рӯзи 13 июн дар вилояти Подмосковйе гуфт, дар сӯхтори хонае дар деҳаи Куровское воқеъ дар минтақаи Орехово-Зуево панҷ узви як хонаводаи тоҷикистониҳо даргузаштааст. Як муҳоҷири тоҷике, ки дар шаҳри Владимир Русия кору зиндагӣ мекунад ва хост, номаш нашр нашавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фоҷеа дар оилаи Асадулло ном сокини ноҳияи Ҷомӣ рух додааст, ки аз зодагони минтақаи Язгулом мебошад. Ба нақли ӯ, Асадулло на камтар аз даҳ соли охир ҳамроҳ бо оилааш дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Ба иттилои дарёфтии ӯ, Асадулло шабона дар кораш буд, ки ин фоҷеа рух дод.

“Як фарзияе, ки мо шунидем, ин аст, ки дар дохили хона баллони газ таркидааст, вале мо ҳам ҳанӯз маълумоти зиёд надорем”, гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Ӯ гуфт, ба маълумоти ӯ, ба ҳангоми фоҷеа дар дохили хона эҳтимолан ҳам фарзандону ҳамсари Асадулло ва ҳам духтари калониаш бо фарзанди навзодаш қарор доштанд. Ӯ гуфт, хонае, ки ба коми оташ рафт, хусусӣ буд.

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия рӯзи 13 июн хабар дод, ки дар сӯхторе дар як хонаи истиқоматӣ дар вилояти Подмосковеи Русия панҷ кӯдак ҷон додааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, кӯдакони фавтида думоҳа, яксола, 9, 11 ва 17-сола буданд. Ҷузъиёти вобаста ба ин хонавода нашр намешавад.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки “вақте мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷои сӯхтор расида омаданд, тамоми бинои истиқоматие бо паҳнои 72 метри мураббаъ ба коми оташ рафта буд. То омадани наҷотбахшон як занро бистарӣ карданд. Мутаассифона, дар ин сӯхтор панҷ ҷасади кӯдакон ошкор шуд”.

Бар асоси арзёбиҳои пешакӣ, дар ин бино низоми огоҳонӣ аз сӯхтор вуҷуд надошт.

Матбуот хабар дод, ки сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав аз рӯи моддаи "Аз беэҳтиётӣ боиси ба марг расонидани ду ва зиёда нафар" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ҷузъиёти аз ин беш феълан дар даст нест.

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайатеро ба макони сӯхтори пурфоҷеа сафарбар намудаанд. Назаралӣ Вализода, сардори шӯъбаи ҳуқуқи ин намояндагӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфт, ҳайати намояндагони ин идора барои таҳқиқи хабари сӯхтор дар деҳаи Куровское воқеъ дар минтақаи Орехово-Зуево қарор дорад.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки оё ин хонавода тоҷикон будаанд, гуфт, "корбарӣ мекунем, ки оё вайҳо душаҳрвандӣ доранд ваё фақат шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Ҳар вақте ба дасти мо маълумоти дақиқ расид, нашр мекунем".