ru24.pro
World News in Tajik
Апрель
2025
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29
30

Ҳушдори Исроил: музокирот ба натиҷа нарасад, ҷанг дар Ғазза сахттар мешавад

0

Артиши Исроил эълон кардааст, ки дар сурати ба натиҷа нарасидани музокирот барои бозгардондани гаравгонҳо аз Навори Ғазза, фишори низомӣ ба гуруҳи "Ҳамос"-ро сахтар мекунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Низомиёни исроилӣ гуфтаанд, бо ҷалби сарбозони захиравӣ омодаанд, ки дар минтақаҳои дигари Ғазза амалиёти нав ба роҳ андозанд. "Мо намунаи Рафаҳро дар дигар ноҳияи Ғазза пиёда мекунем,"-омадааст дар хабарномаи артиши Исроил.

Ба иттилои артиши Исроил, аз замони дубора шуруъ шудани ҷанг дар Навори Ғазза беш аз 400 сарбози "Ҳамос" кушта шуда, 1800 иншооти ин гуруҳ нобуд гардидааст.

Дар навбати худ гуруҳи "Ҳамос" аз омодагӣ барои оташбас бо Исроил ба муҳлати панҷ сол хабар додааст. Аммо ин гуруҳ пешниҳоди ба замин гузоштани силоҳро рад кардааст. Дар ин бора Тоҳир ал-Ноно, намояндаи "Ҳамос" дар пасманзари музокирот дар Қоҳира суҳбат кардааст.

"Ҳамос" умед доранд, ки миёнаравҳо пешниҳоди ин гуруҳро дастгирӣ мекунанд. Қатъи ҷанг дар Ғазза, бозсозии ин борика, озодии зиндониёни фаластинӣ дар ивази раҳоии тамоми гаравгонҳои исроилӣ аз ҷумлаи пешниҳодҳои ин гуруҳ будааст.

Дар айни замон талаби асосии Исроил дар бораи ғайринизомӣ кардани Ғазза аз сӯи "Ҳамос" рад шудааст. "Аслиҳаи муқовимат қобили гуфтушунид нест ва то даме, ки ишғол вуҷуд дорад, дар дасти мо хоҳад монд,"-гуфтааст намояндаи гуруҳи "Ҳамос" Тоҳир ал-Ноно.

Артиши Исроил пас аз ду моҳ оташбас, 18-уми март бори дигар ҳамла ба Навори Ғаззаро оғоз кард, то гуруҳи “Ҳамос”-ро аз байн бурда, гаравгонҳоро озод кунад.