Матвеев хост, кӯдакони муҳоҷирон аз Русия ронда шаванд
Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия, талаб кардааст, ки кӯдакони муҳоҷирон аз ин кишвар ихроҷ карда шаванд.
Матвеев бо нафраташ ба муҳоҷирон машҳур мебошад.
Ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Телеграм" навишт, ки дар Русия тахминан 800 ҳазор хориҷии синну соли мактабӣ ба сар мебаранд. Аз ин байн, ба гуфтаи ӯ, танҳо 25 дарсад бо таҳсил дар мактабҳо фаро гирифта шудаанд.
Матвеев нусхаи як санади Вазорати корҳои дохилии Русияро намоиш дод, ки тибқи он 75 дарсади фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳо намехонанд.
Ин вакили мардумии Русия иброз доштааст, ки қариб ним миллион фарзандони муҳоҷирон ба истилоҳ "кӯчагард" ҳастанд.
"Онҳо дар инҷо ба кӣ даркоранд? Кӣ метавонад фаҳмонад? Ним миллион кӯдаки аз таҳсил маҳруми муҳоҷирон! Онҳо майдончаҳои бозии фарзандони моро банд мекунанд. Онҳо дар "галлаи гургон" ҷамъ шуда, дар ҷустуҷӯйи моҷаро ба марказҳои тиҷорат рафта, атфоли моро туъмаи ҳамлаҳояшон мекунанд. Онҳо аллакай ғорату таҷовуз мекунанд ва мекушанд," – гуфт ӯ.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик инро баҳонае барои сахттар кардани ҳузури онҳо ва аъзои оилаашон дар Русия медонанд.
Аз якуми апрел дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки бар пояи он фарзандони муҳоҷирон қабл сабтином дар мактабҳо бояд имтиҳони забони русӣ супоранд. Ҳар касе, ки аз имтиҳон нагузашт, метавонад худро ба таҳсили иловагӣ номнавис кунад.
Дар як соли охир ва бахусус баъд аз ҳамла ба толори "Крокус" дар наздикии Маскав, қонунҳои вобаста ба муҳоҷирати корӣ дар Русия сахттар шуд.
Видеоро дар инҷо бинед: