ru24.pro
World News in Tajik
Март
2025

Ҳайати нави ҳукумат дар Сурия: Як зан вазир шуд

0

Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷӯлонӣ), раисҷумҳури муваққати Сурия, ҳайати нави ҳукуматро эълон кард.

Маросими муаррифӣ рӯзи 30-юми март дар шаҳри Димишқ гузашт.

Ба ин тартиб, 23 кас вориди ҳукумат шуд, ки дар миёни онҳо намояндагони ақаллият ё камшуморони алавӣ ва курдҳо ҳам ҳастанд.Ҳинд Кабават, зани насронӣ, вазири корҳои иҷтимоӣ ва меҳнат таъйин шуд. Вай ягона зан дар ин ҳукумат аст.

Бори аввал дар Сурия Вазорати варзиш ва ҳолатҳои фавқулода таъсис ёфт.

Вазифаи сарвазирро худи Аҳмад Шаръ иҷро мекунад. Қонунгузорӣ мувофиқ ба меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ амал хоҳад кард.Ҳукумати нави Сурия 5 сол ҳақ дорад, ки сари қудрат бошад. Интизор меравад, дар ин муддат дар кишвар Қонуни асосии нав қабул шуда, интихобот баргузор гардад.