Афроди мусаллаҳ дар Покистон беш аз 450 касро гаравгон гирифтаанд
Шахсони мусаллаҳ дар Кветта, маркази вилояти Балуҷистони Покистон, ба як қатор (поезд) ҳамла карда, зиёда аз 450 мусофирро гаравгон гирифтаанд.Ҳодиса рӯзи 11-уми март иттифоқ уфтод.Қатор (поезд) аз шаҳри Кветта ба Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ мерафт.
Муҳаммад Кошиф, мақомдори Идораи роҳи оҳан дар Кветта, ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, дар миёни мусофирон занон ва кӯдакон низ ҳастанд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ҷудоихоҳи "Артиши озодибахши Балуҷистон" ба уҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳ дар баёнияе иддао кард, ки бо ин кораш монеи ҳамлаи заминии артиши Покистон шуд, вале зарбаҳои ҳавоӣ идома дорад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи "Артиши озодибахши Балуҷистон"-ро дар феҳрасти созмонҳои террористӣ ҷой додааст.