Рӯзноманигорони "ифротӣ" дар Тоҷикистон зиёд мешаванд. Чаро?
Ҳабиса Ятимова, Парисимо ва Оишаро ҳар гаҳ, ки ёди писар ва падари зиндонияшон гирад, ё либосҳои ӯро аз ҷевон берун овардаву ламс мекунанд ва ё бо ҳадяҳои дастсохти фиристодааш аз зиндон хумор мешиканад. Инҳо модар ва духтарони Завқибек Саидаминӣ ҳастанд.