Навбатҳои беохир барои иҷозаи кор дар Русия
Мақомот дар Русия хостаанд, ба муҳоҷирон иҷозат дода шавад, ки бо як патент дар ду минтақаи ҳаммарзи ин кишвар кор кунанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки баъд аз 5-уми феврал навбатпойӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозаи кор дар Русия зиёд шудааст.