ru24.pro
World News in Tajik
Март
2025
1 2 3 4 5 6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Додситони нав хостааст, аз шеваҳои ғайриқонунии даъват пешгирӣ шавад

0
Фирдавс Ҳаётзода, додситони нави ҳарбии Тоҷикистон, хостааст, ки аз шеваҳои ғайриқонунии ҷалби сарбозон ба артиш пешгирӣ шавад.


Бино ба хабари Вазорати дифои Тоҷикистон, Ҳаётзода дар ин бора рӯзи 3-юми март дар ҷаласае бо ҳузури муовини сарвазир ва раиси Кумисюни даъват Дилрабо Мансурӣ ва вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода суҳбат кард.


Вай афзудааст, барои ин, "пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиши сатҳи ҳама гуна ҷиноят ва диққати аввалиндараҷа ба сифати даъвати шаҳрвандон" зарур аст.


Дар Тоҷикистон соле ду дафъа – дар баҳор ва тирамоҳ – маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш сурат мегирад. Солҳост, ки ин маърака бо хабари “сарбозшикор” (облава) ё бо зӯр ба артиш ҷалб кардани ҷавонон ҳамроҳ аст.


Баъзе аз волидон соли гузашта шикоят карда буданд, ки мақомот ба онҳо бо ҳар васила фишор меоранд, то фарзандони муҳоҷир ё донишҷӯйи худро барои рафтан ба артиш аз Русия ба Тоҷикистон баргардонанд.


Бархе далели фирор аз артишро ба шароити нохубу "дедовишина" ва марги мармузи баъзе аз сарбозон пайванд медиҳанд.


Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми ноябри 2024 дар бораи марги Ботир Эргашев, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонӣ, дар қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гузориш дод. Мақомот ҳангоми супоридани ҷасади ӯ ба волидонаш гуфтаанд, “худкушӣ кард". Падараш иддао дорад, ки дар бадани ҷавон осори латукӯб буд.


Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар гузорише гуфтааст, дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".