"Моро баргардонед." Вазъи як зани тоҷик бо шавҳару кӯдакаш дар Қазоқистон
Басбӣ Ҳалимбеки 27-сола аз Тоҷикистон ва шавҳару як фарзанди бемораш дар Қазоқистон бе сарпаноҳ ва бе кору даромад монда, даҳ рӯзро дар масҷиду биноҳои нимсохта ва истгоҳҳо гузарондаанд. Ҳоло дар манзили иҷораи яке аз дӯстон ҳастанд, вале он ҷойро низ бояд ҳарчи зуд холӣ кунанд.