"Модар баъзан кӯдакро мезанад, боз пушташро мегирад"
Гулрафтор Норова, модари Фирӯза Норова, сокини ноҳияи Рудакӣ, ки навори латукӯби фарзандаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёдеро ба миён овард, сабаби ин рафтори духтарашро шарҳ дод. Ӯ рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш “дар ҳолати афсурдагии рӯҳӣ” даст ба ин кор задааст.