"Писарамро нишон диҳед." Шикояти модари як зиндонӣ дар Ваҳдат
Соҷида Раҳимова, модари яке аз маҳбусоне, ки дар зиндони шаҳри Ваҳдат нигаҳ дошта мешавад, иддао дорад, ки пас аз ҳодисаи хунин писарашро сахт задаву маҷрӯҳ кардаанд. Ӯ рӯзи 6-уми феврал дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот то ҳол иҷоза надодаанд, ки писараш Субҳон Қурбоновро бубинад.