Кай бо ҳавопаймои фаросавтӣ парвоз мекунем?
Дар Амрико ин ҳафта нахустин бор як ҳавопаймои баландсуръатеро озмоиш карданд, ки аз суръати садо зудтар ҳаракат мекунад. Умедвориҳо ҳам зиёд шуд, ки шояд дар оянда аз ин тарафи дунё ба он тарафи дунё на дар 10-12 соат, балки аз 3 то 4 соат бирасем.