Вазорати маориф гуфт, баёнияҳои вакили рус беасос аст
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон даъвои Сергей Миронов, вакили миллатгарои Думаи давлатии Русияро беасос хонд. Ин вакил чанде пеш гуфт, ки дар Тоҷикистон бо пули Русия китоб нашр карда, вале ин кишварро “ғосиб” ном бурдаанд.