Муҳаммад Наимов дар UFC бо размикори австралиягӣ рақобат мекунад
Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар вазни нимасабук (то 65,8 кг) шаби якуми феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо намояндаи Австралия Каан Офли қувваозмоӣ мекунад. Рақобат соати 22:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.