"Вобаста аз боду ҳаво." Вазир гуфт, ки мардум кай барқи бештар мегиранд
“Субҳ ду соат, бегоҳӣ се соат барқ дорему бас.” Ин навиштаи гилаомези корбаре бо номи Саид аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар шабакаи Фейсбук аст. Шикоятҳои ба монанд ҳар рӯз аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистон низ мерасанд.